Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нархи сафар аз Душанбе ба Теҳрон маълум шуд

Муайян гардид, ки мусофироне, ки хоҳиши парвоз ба пойтахти Эрон дар моҳи феврали соли равонро доранд, ба чӣ қадар маблағи роҳкиро ниёз доранд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Билети парвоз аз Душанбе ба Теҳрон дар моҳи феврал ҳудуди 2300 сомонӣ арзиш дорад.

Дар ин бора аз хадамоти матбуотии «Сомон Эйр» ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ додаст.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз ифтитоҳи парвозҳо ба пойтахти Эрон хабар дода, афзуд, ки нахустин парвоз ба Теҳрон 31 январи соли 2023 анҷом мешавад.

Тибқи ҷадвал, ҳавопаймо бояд соати 17:30 аз Душанбе парвоз кунад, масири бозгашт аз Теҳрон соати 20:20 (бо вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад.

Таъкид шудааст, ки аз 10 феврал хатсайри ҳавоии Душанбе — Теҳрон ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button