Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Аз гулханафрӯзӣ то поксозӣ: Давлаталӣ Саид анъанаҳои Садаро гуфт

Иҷрокунандаи вазифаи раиси Хатлон ҷашни Садаро, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 30 январ таҷлилл мешавад, барои сокинони вилоят шодбош гуфтааст

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Ҳамасола мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, созандагиро вусъат мебахшанд.

Ин нуктаро иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон, Давлаталӣ Саид дар паёми шодбошияш ба сокинон баён доштааст, ки матни онро рӯзномаи расмии вилоят нашр кард.

Ӯ таъкид намудаст, ки бар асоси анъана сокинон дар ин ҷашн ҳамчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф машғул мешаванд.

«Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд» — афзуд Давлаталӣ Саид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button