ХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

ШАРҲИ РАСМӢ: ҲАМДЕҲАГОНИ ҚАДАМИ ҚУРБОН “ДИЛБЕҲУЗУР” ШУДААНД, НА ЗАҲРОЛУД

Маркази матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли 2023 дар саҳифааш дар Фейсбук бори аввал қазия баъди истеъмоли қурутоб ба бемористон афтодани якбора 48 сокини деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро шарҳ дод ва гуфт, ҳамдеҳагони овозхони машҳур Қадами Қурбон заҳролуд нашудаанд, балки … “танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст”.

Дар иттилоияи вазорат гуфта мешавад, ки соати ҳашти субҳи 24 январи соли 2023 дар деҳаи Чагами нави ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соати 8-и субҳ пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб 48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намудаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо дар беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон дар беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд.

Вазорат меафзояд: “Ҳангоми ворид шудани беморон ба беморхонаҳо ҳолати беморон нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо, хушбахтона беморони вазнин набуд. Новобаста ба ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат сармутахассисони соҳавии вазорат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд. Хушбахтона, натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд. Танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст”.

Вазорат ҳамчунин зикр кардааст, ки беморон як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25 январ дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд ва ҳоло таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.

Аммо бисёриҳо фарзияи асосии вазоратро, ки мегӯяд, 48 нафар гӯё на заҳролуд, балки танҳо дилбеҳузур шуда бошанд, зери суол гузоштаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button