Ҳуқуқи инсонҶомеа

БОЗДОШТИ ЗАНЕ, КИ ХУДРО КОРМАНДИ ФОНДИ ХАЙРИЯ ГУФТА, МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДОД

БОЗДОШТИ ЗАНЕ, КИ ХУДРО КОРМАНДИ ФОНДИ ХАЙРИЯ ГУФТА, МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДОД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли 2023 аз ошкор шудани як ҳолати ғайриоддии қаллобӣ бо истияода аз номи як фонди хайрия хабар дод.

Бино ба иттилои нашршуда, ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 40-солаи сокини ноҳияи Ёвон муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2022, зани 36-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, худашро ҳамчун корманди фонди хайриявӣ муаррифӣ намуда, аз ӯ 91 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои маъюбӣ ӯро дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо манзили истиқоматии дуҳуҷрагӣ таъмин мекунад. Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.

Ҷузъиёти дигари ин ҳолати авомфиребӣ ҳанӯз дастрас нест. Худи зани боздоштшуда ҳам барои шарҳи қазия дастрас нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button