МУҲОҶИРОНХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

БЕМОРИИ СУРХЧА (ГУЛ) САБАБИ МАРГИ КӮДАКИ ШАШСОЛАИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ ШУД

Бемории сурхча (гул, гулгуна, ё сурхакон) сабаби марги як кӯдаки шашсолаи тоҷик дар вилояти Ленингради Русия шудааст.

Ин кӯдакро шоми 25 январи соли 2023 дар ҳолати вазнин аз шаҳраки Заполйе ба бемористони кӯдаконаи шаҳри Виборг овардаанд. Заполйе дар тақрибан 70-километрии ҷануби Виборг ва 100-километрии шимолуғарби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шудааст.

Гуфта мешавад, ин кӯдакро аммаҳояш се рӯз аз шамолхӯрдагӣ табобат кардаанд ва се рӯзи дигар табибони бемористони маҳаллӣ аз сурхча.

Шабакаи “47-й канал” бо такя ба маълумоти пулис хабар дод, ки ин кӯдаки шашсола ҳамроҳи волидонаш моҳи феврали соли 2022 ба Русия омадааст. Волидонаш мақсади омадани худро гирифтани шаҳрвандии Русия нишон дода будаанд. Аммо модараш, ки 41 сол дорад, баъди чанде ба Тоҷикистон баргаштааст ва кӯдак таҳти нигоҳубини ду аммааш қарор дошт, ки якеаш 43-сола буда, дар Заполйе ба ҳайси говдӯш кор мекард ва дуюмиаш 34 сол доштааст.

Рӯзи 20 январ аҳволи саломатии кӯдак бад ва табаш баланд шудааст. Аммаҳояш бо ин гумон, ки  ӯ шамол хӯрдааст, кӯдакро чанд рӯз доруву давои зидди таби баланд додаанд. Вале дору кор надод ва табаш паст нашуд. Рӯзи 23 январ аммаҳояш кӯдакро ба нуқтаи фелдшерию акушерии воқеъ дар шаҳраки ҳамсояи Поляни бурдаанд. Табибон бемории ӯро сурхча бароварда,  барои табобаташ  чанд дору навиштаанд.

Вале рӯзи 25 январ аҳволи кӯдак вазнин шудааст ва аммааш соати 14:25 ба “Ёрии таъҷилӣ” занг задааст. Азбаски  интизории “Ёрии таъҷилӣ” чанд соат тӯл кашидааст, аммаи кӯдак бетоқат шуда, худаш кӯдакро гирифта, соати 18:30, яъне 4 соат баъди зангаш ба “Ёрии таъҷилӣ”, ба бемористони шаҳри Виборг овардааст. Дар инҷо табибон талош карданд, ки тифли тоҷикро аз чанги марг наҷот диҳанд, вале бенатиҷа: Соати 19:30 кӯдак дар рӯи дастони табибон ҷон дод.

Ҳоло кумитаи тандурустии вилояти Ленинград ба тафтиши ин қазия оғоз кардааст. Маводи ҷамъшударо барои таҳқиқ ҳамчунин ба Кумитаи тафтишот супурдаанд. Ҷасади кӯдакро барои ташхиси сабабҳои маргаш ба морг фиристодаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button