Фарҳанг

САМАРҚАНДИЗОДАИ АСИЛ: ДАРГУЗАШТИ АДИБИ МАЪРУФИ ТОҶИК НАСИМ РАҶАБ

САМАРҚАНДИЗОДАИ АСИЛ: ДАРГУЗАШТИ АДИБИ МАЪРУФИ ТОҶИК НАСИМ РАҶАБ

Насим Раҷаб, адиби шинохтаи тоҷик, ки бештар барои кӯдакону наврасон асар менавишт, дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Дар бораи даргузашти адиб рӯзи 6 январи соли 2023 дар гуруҳи фейсбукии “Гулрухсор” шоир ва адиби маъруфи тоҷик Гулрухсори Сафӣ, ки чандин сол бо марҳум дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон » ва маҷаллаи «Машъал» кор кардааст, хабар дод. Гулрухсор дар бораи иллати марги Насим Раҷаб чизе нагуфтааст, вале ӯро “адиби хушкор ва инсони беозор” ба қалам дода, навиштааст, ки марҳум “бо таҷриба, ҳам бо маҳорат, ҳам бо сухандонӣ, ҳам сабру тамкин чун самарқандизодаи асил пешрав буд…” Гулрухсор ёдовар шудааст, вақте ӯро дар синни ҷавони ҳамагӣ 22 сармуҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон » ва маҷаллаи «Машъал» таъйин карданд, Насими Раҷаб дар ин нашрия кайҳо ному нишон дошт ва “саодати ман буд, бо шумо кор кардан, таҷриба андӯхтан, камол ёфтан… Дар таҷрибаандӯхтани ман ҳамчун рӯзноманигор пеш аз ҳама саҳми шумо Насимҷони арҷманд хеле калон аст”.

Насим Раҷаб 8 августи соли 1935 дар гузари Мирзопӯлоди шаҳри Самарқанд дида ба олам кушода, соли 1960 бахши филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқандро хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ӯ ба Душанбе кӯчида, қариб то поёни умр, дар тӯли беш аз 50 сол дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз») содиқона кор кард.

Насим Раҷаб дар умум муаллифи қариб 100 қиссаву ҳикоя ва драмаву очеркҳои бадеист. Аз ҷумла драмаи «Ниқор», «Марги оҳанпорағундориатон» (1970), қиссаи «Вақте ки театр мегирист» (1993), «Ишқи духтари яҳудӣ» (1995), «Муждае, ки интизораш набуд» (1996). Қиссаи ӯ «Рӯзномае, ки бояд навишта мешуд» (1987) аз ҳаёту маънавиёти наврасон ҳикоя мекунад. Силсилаи қиссаҳояш «Ҷонам фидои яхмос», «Фара, Фира, Зара», «Муаттар», «Муаллими кӯча», «Ошиқи ситорачашм», «Асрори боғи бобом», низ аз асарҳоест, ки дар байни кӯдакону наврасони тоҷик хонандаи зиёде пайдо карда буданд. Барои асари “Хонае, ки сӯяш мешитобам» Насим Раҷаб соли 1993 аз ҷониби Шӯрои адабиёти кӯдакону наврасони Иттифокҳои нависандагони Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ пешбарӣ шуда буд.Чорҷилдаи «Асарҳои мунтахаб»-и ӯ, ки 9 қиссаи беҳтарини муаллифро дар бар мегиранд ва ду ҷилди аввалаш соли 2004 ва ду ҷилди дигараш соли 2010 нашр шудаанд, аз муҳимтарин падидаҳои адабиёти кӯдакону наврасони тоҷик дар солҳои охир ба ҳисоб мераванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button