ХабарҳоҲуқуқи инсон

БОЗДОШТИ “АБУ МАЙМУН“ АЗ ТОҶИКИСТОН ВА ШАРИКАШ АЗ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҚАСДИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ИСТАНБУЛ

БОЗДОШТИ “АБУ МАЙМУН“ АЗ ТОҶИКИСТОН ВА ШАРИКАШ АЗ ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҚАСДИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ШАБИ СОЛИ НАВ ДАР ИСТАНБУЛ

Пулиси зиддитеррор дар шаҳри Истанбули Туркия ду ҷангҷӯеро дастгир кардааст, ки қасди дар шаби Соли нав анҷом додани ҳамлаи хунини террористиро дар сар доштанд. Бовар меравад, ки онҳо аъзои созмони террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҳастанд. Матбуоти Туркия аз қавли пулис хабар дод, ки дастгиршудагон – ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Ӯзбекистон К.З.И. ва А.М. мебошанд.

Бино ба хабарҳо, кормандони пулис мошини онҳоро шаби шанбе, 31 декабри соли 2022, ҳамагӣ чанд соат пеш аз расидани Соли нав дар ҳудуди ноҳияи Башакшеҳир дарёб кардаанд. Ҷангҷӯён талош кардаанд, ки аз кормандони пулис фирор кунанд, вале дар ҷараёни таъқиб кормандони пулис тавонистаанд ба чархҳои мошини ҷангҷӯён чанд тир бизананд ва онро манъу ҳардуро дастгир кунанд.

Шаҳрванди Тоҷикистон К.З.И., ки дар байни ҷангҷӯёни ДОИШ бо лақаби “Абу Маймун” маъруф будааст, ба ҳабс гирифта шудааст. Нисбат ба шаҳварнди Ӯзбекистон А.М. раванди ихроҷ аз Туркияро шурӯъ кардаанд.

Дар бораи шахсияти “Абу Маймун” то ин лаҳза маълумоти зиёде дастрас нест. Бино ба маълумоти бадастовардаи пулиси Туркия, “Абу Маймун” дар сохторҳои ДОИШ дар Афғонистон мутахассис оид ба маводи тарканда ба шумор мерафтааст.

Пулиси Туркия мегӯяд, ин ду ҷангҷӯ аз сохторҳои ДОИШ дар Афғонистон дастур мегирифтанд ва қасд доштанд, ки шаби Соли нав ба яке аз марказҳои тафреҳӣ дар шаҳри Истанбул, ки маъмулан барои таҷлили соли нав дар онҷо мардуми зиёд гирд меоянд, бо истифода аз маводи тарканда ҳамлаи хунини террористӣ анҷом бидиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button