Фарҳанг

ДАРГУЗАШТИ ФИРӮЗҶОН, ФАРЗАНДИ КАЛОНИИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА ҲАЁТОЙ МУЪМИНОВА

ДАРГУЗАШТИ ФИРӮЗҶОН, ФАРЗАНДИ КАЛОНИИ ОВОЗХОНИ ШИНОХТА ҲАЁТОЙ МУЪМИНОВА

Фирӯзҷон, фарзанди калонии овозхони шинохтаи тоҷик Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова субҳи ҷумъа, 6 январи соли 2023 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, Фирӯзҷон тақрибан ду соли охир аз бемории қалб ранҷ мебурд. Дар бораи даргузашти фарзанди Ҳаётой Муъминова хабарнигор ва шоири тоҷик Oрзу Исоев дар Фейсбук хабар дод. “Ин субҳ Фирӯзҷонро аз даст додем. Ба аҳли оилаи Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муминова барои аз даст додани фарзанди азизашон ҳамдардӣ баён мекунам”, — навиштааст Орзу Исоев.

Садҳо нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба Ҳаётой Муъминова изҳори ҳамдардӣ карда, барои фарзанди ҷавонмаргшудааш Фирӯзҷон охирати обод ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хостаанд.

Сардабири нашрияи “СССР” Сайёфи Мизроб (Сайф Достиев), ки ҳоло дар зиёрати Хонаи Худо қарор дорад, менависад: “Апаи Ҳайётой, медонам сухане дар ин лаҳза шунидан зиёдатист, вале дар намози ҷумъаи Мадина, дар ҳузури Муҳаммад (с) мағфират бар марҳум металабам…”

Даргузашти фарзанди Ҳаётой Муъминова дар ҳолест, ки ҳамагӣ ду ҳафта пеш ин овозхони маҳбуби таронаҳои мардумӣ ва устоди Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари Тоҷикистон ба синни мубораки 60 расида буд.

Аҳли идораи пойгоҳи хабарии “Бомдоди” ба овозхони маҳбуб Ҳаётой Муъминова даргузашти фарзандашро изҳори таслият гуфта, барои марҳум аз даргоҳи Худованд раҳмату мағфират ва барои апаи Ҳаётой ва пайвандонаш сабри ҷамил металабад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button