Фарҳанг

ДАРГУЗАШТИ БУРҲОН МАМАДҚУЛОВ — УСТОДИ ОПЕРАИ ТОҶИК

ДАРГУЗАШТИ БУРҲОН МАМАДҚУЛОВ — УСТОДИ ОПЕРАИ ТОҶИК

Рӯзи 1 январи соли 2023 қалби устоди ҳунари овозхонии академӣ-классикии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Бурҳон Мамадқулов дар синни 77 аз тапидан бозмонд.

Бурҳон Мамадқулов 27 майи соли 1945 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1963 Омӯзишгоҳи мусиқии ш.Душанбе (ҳоло Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов) ва соли 1967 Консерваторияи давлатии ш.Москва ба номи П.И.Чайковскийро бо ихтисоси овозхони академӣ хатм кардааст. Ӯ солҳои 1968-1969 дар Театри калони СССР таҷриба андӯхта, аз соли 1970 дар тӯли беш аз 50 сол сарояндаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ буд. Бурҳон Мамадқулов ҳамзамон солҳои 1994-1996 ба сифати сароянда дар ансамбли шашмақомсароёни Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ кор кардааст.

Ӯ бо навҷӯӣ ва санъати баланди овозхонӣ ба дунёи созу овоз дохил шуда, сурудҳои халқию классикиро бо тамоми нозукиҳояш адо мекард, вале бештар ҳамчун сарояндаи санъати академӣ ном баровардааст. Истеъдодаш бахусус дар иҷрои партияҳои асосӣ ва операҳои миллӣ ва классикии русу Ғарб, амсоли «Шӯриши Восеъ»-и С.Баласанян, «Қишлоқи тиллоӣ», «Лаънаткардаи халқ»-и Д.Дӯстмуҳаммадов, «Комде ва Мадан»-и З.Шаҳидӣ, «Ибни Сино»-и М.Бафоев ва ғайра ҳувайдо гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button