Нуқтаи назарУмумӣХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУШДОРИ ВКД ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЛЛОБӢ АЗ НОМИ ШИРКАТИ “ГАЗПРОМ”

ВКД Тоҷикистон рӯзи 17 декабри соли 2022 бо нашри як иттилоияи вижа дар сомонаи расмиаш шаҳрвандонро аз як доми қаллобон бо сӯиистифода аз номи ширкати русии “Газпром” ҳушдор дод.

Дар ҳушдор чунин гуфта шудааст:

“Ба самъи шаҳрвандон расонида мешавад, ки вақтҳои охир аз ҷониби як гурӯҳи муташаккили қаллобони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз номи ширкати фаръии трансмиллии энергетикии Федератсияи Россия «Газпром» ҶДММ «Газпром-Инвест» дар сомонаҳои иҷтимоии «Фейсбук» ва «Инстаграм» пайдо гардидааст.

Гурӯҳи мазкур дар наворҳои видеоии худ қайд менамояд, ки Раиси раёсати ширкати «Газпром» дар якҷоягӣ бо парлумони ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар барномаи микро сармоявиро оғоз намудаанд. Барномаи мазкур баҳри ба даст овардани фоида тавассути сармоягузорӣ ба бозорҳои фондӣ, асъорӣ ва ғайра нигаронида шудааст.
Бинобар ин аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҷиҳати ба доми қаллобон наафтидан аз ҳамкорӣ бо шахсони ношинос худдорӣ намоянд
”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button