Варзиш

Миҷгона Самадова дубора соҳиби медали тилои Ҷоми ҷаҳонии бокс шуд

Ба хазинаи варзишии бокси Тоҷикистон боз як медали тило ворид шуд ва онро муштзанбонуи тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳонии бокс ба даст овард

ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Миҷгона Самадова дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми ҷаҳонии бокс медали тило гирифт.

Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода, изҳор дошт, ки Самадова ҳамзамон корманди ин ниҳод мебошад.

Ба иттилои манбаъ, 19-умин Ҷоми Ҷаҳонии бокс миёни кишварҳои истеҳсолкунандаи нафт, дар минтақаи Белоярски Русия ҷараён дорад ва то 11 декабр идома хоҳад кард.

Самадова бар ду ҳарифи худ аз Русия ва Белорус пирӯз шуда, дар даври ниҳоӣ тавонист бар ҳарифи дигари худ, ки аз Русия буд, дастболо шавад ва унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии боксро азхуд кард.

Варзишгари тоҷик соли гузашта низ дар мусобиқаи мазкур ҳар чор ҳарифи худро шикаст дода, медали тило гирифта буд

Дар ин мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 13 вазн миёни мардон ва шаш вазн миёни занон ҷараён дорад.

Маврид ба зикр аст, ки Самадова моҳи гуашта дар қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Аммони Урдун баргузор гардид, иштирок кард, вале дар даври аввал аз намояндаи Тайпей шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 10 варзишгар намояндагӣ намуданд, вале танҳо Баҳодур Усмонов ва Муҳаммад Аброриддин соҳиби ҷои саввум гардида, медали биринҷиро ба гардан овехтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button