Нуқтаи назар

ИЛТИМОСИ БОЗНАШР!

НАҶОТИ ҶОНИ ИН ҶАВОНМАРДИ ПАДАРИ 3 ФАРЗАНД ДАР ДАСТИ МОВУ ШУМОСТ! БЕТАРАФ НАБОШЕД!

ИЛТИМОСИ БОЗНАШР!

НАҶОТИ ҶОНИ ИН ҶАВОНМАРДИ ПАДАРИ 3 ФАРЗАНД ДАР ДАСТИ МОВУ ШУМОСТ! БЕТАРАФ НАБОШЕД!

Кароматулло Холов ҳамагӣ 30 сол дорад ва дар як кулбае фақирона дар маҳаллаи Ховарон дар канораи шарқии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Кароматулло, ки 3 фарзанди хурдсол дорад, аз бемории гурда ранҷ мебарад. Се сол пеш модари Кароматулло барои наҷоти ҷони фарзандаш як гурдаи худро ба ӯ дод. Ҷарроҳӣ хуб гузашт ва гурдаи модар ба бадани фарзандаш часпиду Кароматулло тавонист чанд соли дигар аробаи зиндагиашро пеш бибарад.

Вале мутаассифона, ҳоло гурдаи ба бадани Кароматулло часпондашуда зардоб гирифтааст ва табибон гуфтаанд, ки ӯ оҷилан ба гурдаи нав зарурат дорад. Ин дафъа боз якеи дигар аз пайвандони Кароматулло розӣ шудааст, ки як гурдаашро ба ӯ бидиҳед ва ин ҷавонмарди падари се фарзандро аз ин гирифторӣ наҷот бидиҳад. Аммо барои часпондани гурдаи нав ба бадани Кароматулло табибон ҳамагӣ як моҳ вақт додаанд ва нархи ҷарроҳӣ ҳам 100 ҳазор сомонӣ будааст, ки пардохт кардани ин маблағ берун аз тавони Кароматулло ва наздикони ӯст.

Кароматулло ва наздиконаш ба ин хотир ба мардуми дастбахайр муроҷиат мекунанд ва дасти ёрӣ металабанд.

Сарвиноз Сафарова, раҳбари созмони хайрияи “Баҳори кӯдакон”, ки маъракаи ҷамъоварии кумак барои ҷарроҳии Кароматулло Холовро ба роҳ андохтааст, мегӯяд, ки онҳо тавонистанд дар байни ду ҳафта 35 ҳазор сомонӣ ҷамъ кунанд, вале барои анҷоми ҷарроҳии гурдаи Кароматулло боз 65 ҳазор сомонии дигар намерасад.

Сарвиноз Сафарова низ аз ҳама даъват мекунад, ки ба ин ҷавонмарди падари 3 фарзанд дасти ёрии худро дареғ надоранд: “Салом, азизони дил! Боз як бори дигар муроҷиати бемор, акаи Кароматуллои соҳиби 3 фарзанди ноболиш ба мардуми хайрхоҳро гӯш биандозеж! Бародарон ва апаву хоҳарони дастбахайр! Ба хотири Аллоҳ, бетараф нашавед, кадоме ки имконият дорад, саҳмгузорӣ кунед, кадоме ки надоред чунин имкониятро, дар ҳаққаш дуогӯ бошед ва ҳамин наворро ба дигарон равон кунед, то ки мардуми хайрхоҳ бинанду дастгирӣ кунанд. ИншаАллоҳ, савобаш ба шумо низ мерасад! Аллоҳ аз ҳамаи мову шумо розӣ бошад!”

Онҳое ки мехоҳанд барои наҷоти Кароматулло Холов аз иин бемории сангин саҳм бигузоранд, метавонанд кумаки худро ба ин кортҳои бонкӣ гузаронанд:

Сбербанк +79919627803 Холов Холмахмад 5228600567650710

Тел: +992 91 990 0743 Корти миллии Душанбе Сити 5058270368739347

Алиф 5058 27 02 89 14 10 78

Телефони раҳбари ташкилоти «Бахори Кӯдакон» Сарвиноз Сафарова: +992 918 57 08 29

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button