ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНҲОИ РАҲГУЗАР ДАР ДАНҒАРА ВА ПАНҶАКЕНТ

ҲАЛОКАТИ ДУ КӮДАК ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНҲОИ РАҲГУЗАР ДАР ДАНҒАРА ВА ПАНҶАКЕНТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 22 ноябри соли 2022 дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Панҷакент ду кӯдаки ноболиғи яке дусола ва дуюмӣ нӯҳсола зери чархи мошинҳои раҳгузар ба ҳалокат расидаанд. Бино ба иттилои ВКД, 22-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 10:20, ронандаи мошини боркаши тамғаи “ГАЗ-53”, Мирзомуродов Умаралӣ Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Зебунисо ба самти терминали мусофиркашонии ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Назарова Ҳомия Тошовна, соли таваллудаш 1965 ва набераи хурдсолаш, Ашӯрализода Меҳрубон Тошмуҳаммад, соли таваллудаш 2020, сокинони ҳамин ноҳияи Данғараро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол Ашӯрализода М.Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Бибии ӯ Назарова Ҳ.Т. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамчунин, нимаи дуюми рӯзи 22-юми ноябри соли 2022, тахминан соати 14:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Раҷабов Шаҳзод Субҳиддинович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакии шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Раҳмонов Самандар Ботирович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамин шаҳрро пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Раҳмонов С.Б. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.