Сиёсат

ТАЪСИСИ ЯК ДАСТАИ ҶАНГОВАРОНИ ТУРКЗАБОН БО НОМИ “ТӮРОН” ДАР УКРАИНА

Бино ба гузоришҳо, дар Украина таҳти раҳбарии шаҳрванди Қирғизистон Алмос Кудабек уулу нахустин баталйони иборат аз ҷанговарони туркзабон ташкил шудааст. Дар ҳайъати ин баталйон уйғурҳо, қирғизҳо, қазоқҳо ва ҳамчунин зодагони Озарбойҷон меҷанганд. Аз зуҳури худ баталйони “Тӯрон” рғзи 20 ноябри соли 2022 бо нашри муроҷиатнома ба президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров хабар дод. Дар ин видео Алмоз Кудабек уулу Путинро ба генотсид ё наслкушии сокинони туркзабони Украина айдор карда, аз Қодиров талаб кард, ки “дини муқаддаси Исломро барои пӯшондани ҷиноятҳои худ дар Украина сӯииистифода накунад”. Фармондеҳи баталйони “Тӯрон”, бино ба иттилои дарёфтӣ, қаблан дар Русия мардикорӣ ва муддате сартарошӣ мекардааст. Алмоз Кудабек уулу аз рӯзҳои аввали ҷанги Русия ба зидди Украина аз тарафи Украина меҷангад. Дар Қирғизистон ба зидди ӯ бо иттиҳоми иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Дар муроҷиати худ Алмос Кудабек уулу хитоб ба Владимир Путин ва Раманзон Қодиров мегӯяд: “Путин бо баҳонаи “амалиёти махсус” дар Украина генотсиди халқҳои туркзабонро ба роҳ андохтааст. Рамазон Қодиров дар пушти дини Ислом пинҳон шуда, ҷиҳод эълон кардааст. Ислом барои мо як дини муқаддас аст ва бо арзишҳои муқаддаси мо бозӣ накунед. Мо ин режими шайтонии Путинро аз байн мебарем… Мо шуморо чӣ дар дохил ва чӣ дар берун ба ҷон хоҳем овард”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button