Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа
Беларус бо маҳсулоти худ бозори Тоҷикистонро пур мекунад

Корхонаи «БелАЗ»-и Минск тасмим гирифтааст, ки барои лоиҳаҳои нав дар Тоҷикистон воридоти самосвалҳои гуногунро афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. ҶСК «БелАЗ» омода аст ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон густариш диҳад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти корхона.
Ҳайати ин ширкат аз Минск таҳти сарварии директори генералӣ Сергей Никифорович аллакай бо Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дидору гуфтушунид кардааст.
Дар ин дидор, ки дар Душанбе баргузор шуд, масъалаи ҳамкорӣ, аз ҷумла имкони тавлиди самосвалҳои истихроҷи маъдан бо зарфияти борбардории 30-45 тонна баррасӣ шуд. Онҳо барои корхонаҳои истихроҷи Тоҷикистон заруранд.