ВарзишХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Замону макони нахустин набарди Алиев дар UFC маълум шуд

Замону макони авввалин набарди нахустин намояндаи Тоҷикистон дар созмони UFC маълум гардид, аммо номи рақибаш ҳанӯз эълон нашудааст

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Нахустин сабқати размикори тоҷик Нурулло Алиев дар UFC дар зимистони оянда баргузор мешавад.

Ба иттилои ин созмон, дебюти Нурулло Алиев 25 феврал дар шаҳри Лас-Вегаси аёлати Невада баргузор мешавад. Алиев дар мусобиқаи UFC Fight Night 123 зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир дар мавриди рақиби размикори тоҷик дар мусобиқаи нахустинаш дар UFC ҳанӯз иттилое нест.

Қаблан Алиев эълон карда буд, ки аллакай то моҳи декабри соли равон омода хоҳад буд, ки ба майдон барояд.

Маврид ба зикр аст, ки Алиеви 23-сола моҳи сентябри соли равон дар пайи пирӯзияш бар Ҷош Уики амрикоӣ ба UFC роҳ ёфт. Ӯ аввалин намояндаи Тоҷикистон дар ин лигаи маъруф мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button