Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Узбекистон истифодаи Интернетро ба маҳбусон иҷозат медиҳад

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон пешниҳод кардааст, ки барои истифодаи хадамоти электронии давлатӣ ва хадамоти нотариалӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ биноҳои алоҳида ҷудо карда шавад.

Ин нукта дар лоиҳаи фармони вазири умури дохилии Узбекистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба тартиботи дохилии муассисаҳои ислоҳии Вазорати корҳои дохилии Узбекистон» зикр шуда, ҳоло он дар баррасии умум қарор дорад.

Қайд шудааст, ки бинои пешниҳодӣ бо компютер муҷаҳҳаз ва ба шабакаи интернет пайваст карда хоҳад шуд.

Ин пешниҳод бо Додситонии кул, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва Додгоҳии олии Узбекистон мувофиқа шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button