Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин гуфт, танҳо Русия метавонад кафили ягонаи соҳибихтиёрии Украина бошад

Президенти Русия муътақид аст, ки украинҳо ва русҳо то ҳол як халқанд, ки бо як қатор сабабҳо дар сангарщои гуногун истодаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Танҳо Русия метавонад кафили ягонаи соҳибихтиёрии Украина бошад, зеро онро худи ӯ офаридааст.

Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни суханронияш дар клуби мубощисавии «Валдай» изҳор дошт.

«Рости гап, ягона воқеӣ, чунин як кафили ҷиддии давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина танҳо Русия буда метавонад, ки Украинаи имрӯзаро ба вуҷуд овард», — гуфт раҳбари Русия.

Вай инчунин қайд кард, ки русҳо ва украинҳо як мардуманд, ки танҳо дар давлатҳои гуногун қарор гирифтаанд.

Ӯ таъйид кард, ки ба ин далел, амалиёти вижаи низомиро метавон қисман ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ кард.

«Мо хароҷот дорем ва пеш аз ҳама он ба талафоти [инсонӣ] вобаста ба баргузории амалиёти махсуси низомӣ дахл дорад. Ман ҳамеша дар ин бора фикр мекунам», — гуфт ӯ дар шарҳи авзоъ дар Украина.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button