МУҲОҶИРОН

7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЮНУСҶОНИ 18-СОЛА БАРОИ ҚАТЛИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАР ДАР ПЕТЕРБУРГ

7 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ ЮНУСҶОНИ 18-СОЛА БАРОИ ҚАТЛИ ЯК ТОҶИКИ ДИГАР ДАР ПЕТЕРБУРГ

Додгоҳи ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербурги Русия рӯзи 25 октябри соли 2022 шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон Юнусҷон Юсуповро бо ҷурми қатли бераҳмонаи ҳамватанаш: ронандаи 26-солаи такси Эмомалӣ Давлатов ба 7 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Ҷасади Эмомалӣ Давлатовро бо гулӯи бурида ва захмҳои зиёди корд шаби 23 ба 24 январи соли ҷорӣ дар дохили мошини тамғаи «Фолксваген Поло» дар нишебии пандуси фурудгоҳи Пулковои шаҳри Санкт- Петербурги Русия пайдо карда буданд.

Шабакаи ТВ “Санкт-Петербург” бо нашри ин хабар ҳукми содиршударо хеле сабук номид, чунки ба Юнусҷон Юсупов барои куштор бо бераҳмии махсус то 15 соли зиндон таҳдид мекард. “Вале ба қотили ҷонситон раҳм карданд ва ҳукми ду маротиба камтараш доданд. Бо чунин ҷазо қотил алакай баъди чор сол ҳаққи пеш аз муҳлат озод шуданро ба даст меорад”, — мегӯяд ин расона.

Юнусҷон Юсупов ба гулӯи ронандаи такси корд зада, ҳамин тавр, ба дигар аъзои бадани ӯ боз 20 зарбаи дигари корд зада буд. Ӯро баъди 4 рӯзи куштор – 27 январ — дар Пенза дастгир карданд.

Сабаби чунин қатли бераҳмонаи ҳамватанаш аз ҷониби ин ҷавон норӯшан боқӣ мемонад. Ба ин савол, ки чаро таксистро кушт?, Юсупов кӯтоҳ ҷавоб додааст, ки “Ин кори байни мост”. Вале як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод” қаблан гуфта буд, ки ҳам Юсуфҷон ва ҳам Эмомалӣ ҳарду аз ҷамоати Симиганҷ дар канори шаҳри Ваҳдатанд ва инҷо сухан дар бораи куштори номусӣ меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button