ВарзишХабарҳои кӯтоҳ

ҶОМИ ОСИЁ-2023. Ҳарифони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон муайян шуданд

Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба гурӯҳи “С” шомил шуд ва бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ мекунад.

Марҳилаи финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон аз 1 то 18 марти соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад.

Дар ҷараёни қуръакашӣ, ки 26 октябр дар шаҳри Тошканд доир гашт, 16 даста ба 4 гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуданд. Дар натиҷаи Чемпионати Осиё-2023 миёни ҷавонон 4 дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи финалии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола:

Гурӯҳи «А»: Узбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.

Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button