Ҷомеа

ХОНАИ АКАИ МУҚБИЛ ИСКАНДАРОВ ДАР ДЕҲАИ СЕДИ НОҲИЯИ ВАНҶ БА КОМИ ОТАШ РАФТ

ХОНАИ АКАИ МУҚБИЛ ИСКАНДАРОВ ДАР ДЕҲАИ СЕДИ НОҲИЯИ ВАНҶ БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Рӯзи 23 октябри соли 2022 манзили акаи Муқбил Искандаров дар деҳаи Седи ҷамоати Техарви ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дучори сӯхтор шуд. Ба гуфтаи сокинони Сед, сӯхтор дар хонаи акаи Муқбил аз як дастгоҳи барқӣ сар зада, доманаи оташ тамоми хонаро ба коми худ фурӯ бурдааст. Сокинони деҳа ба кумаки аҳли ин хонавода омаданд, вале мутаассифона, алакай кор аз кор гузашта буд. Дар ин сӯхтор нафақат молу чизҳои оилаи Муқбил Искандаров, балки ҳамаи асноди аҳли ин оила, аз ҷумла шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳояшон низ ҳама ба коми оташ рафтаанд. Мутаассифона, манзили Муқбил Искандаров суғурта надоштааст ва ин вазъи ин оиларо дар пешрӯи фасли сармо боз ҳам вазнинтар мекунад. Сокинони Ванҷ аз ҳукумати ин ноҳия хостаанд, ки ба оилаи Муқбил Искандаров дасти ёрӣ дароз кунанд.

Зодагони ноҳияи Ванҷ ва дигар муҳоҷирони тоҷик дар Русия маъракаи ҷамъоварии кумак ба оилаи Муқбил Искандаровро ба роҳ андохтаанд.

Ҳамватаноне, ки мехоҳанд ба ин оила дасти ёрӣ дароз кунанд, метавонанд бо ин корти бонкӣ кумаки худро гузаронанд:

Сбербанк 5228600533380202

Корт ба номи Одинаева Дидора (духтари Муқбил Искандаров) буда, бо рақами телефони ӯ пайваст аст:

+7 915 841-85-61

Бо ин рақам метавонед барои дарёфти маълумоти бештар ҳам муроҷиат кунед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button