Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАК, ЯК ЗАН ВА МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМА ДАР ХУРОСОН ВА ҒАФУРОВ

ҲАЛОКАТИ ЯК КӮДАК, ЯК ЗАН ВА МАРДИ СОЛХӮРДА ДАР ДУ САДАМА ДАР ХУРОСОН ВА ҒАФУРОВ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар рӯзҳои истироҳат дар ду садама дар ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Хуросон се нафар, аз ҷумла як кӯдаки нӯҳсола ҷон бохтаанд.

Аз ҷумла, 22-юми октябри соли 2022, тахминан соати 11:20, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Собиров Қадрулло Ёқубович, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри мазкур ба самти шаҳри Душанбе, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, дучархарони хурдсол Қаландаров Муҳаммад Саидшарифович, соли таваллудаш 2013, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол Қаландаров М.С. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири ”Мерседес” Рустамова Қумринисо Темировна, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхонаи ноҳия дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button