Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Лимит ё таъмири шабакаҳои барқӣ: “Барқи тоҷик” боз аз камбуди обу сарфаи барқ гуфт

Ширкати «Барқи тоҷик» эълом кардааст дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгӯӣ карда шудааст

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Ширкати «Барқи тоҷик» эълом кардааст, ки бо мақсади ба давраи тирамоҳу зимистон пурра омода намудани иншооти энергетикӣ дар рӯзҳои нисбатан гарми фасли тирамоҳ дар як қатор зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ корҳои таъмир гузаронида мешаванд.

Ширкати мазкур таъкид кардааст, ки дар соли ҷорӣ норасоии мавсимии неруи барқ дар ҳаҷми беш аз як миллиард киловатт – соат пешгўӣ карда шудааст.

“Барқи тоҷик” хабар додааст, ки бо дарназардошти пешгўӣ шудани норасоии мавсимии неруи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст.

“Бо дарназардошти пешгўӣ шудани норасоии мавсимии неруи барқ, эҳтимоли то баҳор басанда набудани захираҳои об дар низоми энергетикии кишвар ба миён омадааст”, — эълон кардааст ширкати “Барқи тоҷик”.

Ширкати мазкур қайд кардааст, ки барои омодагии хуб ба мавсими сармо анҷом додани корҳои таъмиру профилактикӣ дар шабакаҳои барқӣ яке аз масъалаҳои муҳим мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button