Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нишасти Остона зери чораҳои сахти амниятӣ шуруъ шуд

Рӯзи 13-уми октябр дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти Шӯро оид ба ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё шуруъ шуд. Ин Шӯро 27 узв дорад. Дар нишаст президенти Русия Владимир Путин низ ширкат мекунад.

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои ширкат дар ин саммит вориди Остона шуд. Интизор меравад, Путин бо Эрдуғон дидор ва ҷанги Русия зидди Украинаро баррасӣ кунад.

Ҳамзамон президентҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия — Эмомалӣ Раҳмон, Содир Ҷабборов ва Владимир Путин дар шаҳри Остона мулоқоти сеҷониба анҷом хоҳанд дод.

Қарор аст, дар ин мулоқот масъалаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ шавад. Ин хабарро сухангӯи президенти Қирғизистон Ербол Султонбоев дар суҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ тасдиқ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, мулоқот бо ташаббуси президенти Русия, ки омодагии худро барои мусоидат дар ҳалли мушкили марзии ду кишвар баён карда буд, баргузор мешавад.

Ин нахустин мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди ҳодисаҳои хунин дар марзи ду кишвар аст.

Рӯзи 14-уми октябр дар Остона нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақим (ИДМ) баргузор мешавад. Ҳамзамон дар он шаҳр саммити Осиёи Марказӣ — Русия доир хоҳад шуд.

Нишастҳои Остона дар ҳоле баргузор мешавад, ки дар ин шаҳр чораҳои амниятӣ шадид шудааст. Ҳанӯз аз 10-уми октябр ҳангоми вуруд ба шаҳр ҳуҷҷатҳои ронандагон ва мусофирон тафтиш мешавад.

Пулиси Остона ба сокинон тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ парҳез ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд. Таҳсил дар мактабҳои миёна дар шаҳри Остона рӯзҳои 13-14-уми октябр ба низоми фосилавӣ гузаронида шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button