Хабарҳо

Бишкек 4,4 ҳазор гектар доду 18 ҳазор гирифт: Тошиев аз созиши марзӣ бо Ӯзбекистон гуфт

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон созиши марзӣ бо Ӯзбекистонро ба фоидаи Бишкек арзёбӣ кард, чун замини бештарро соҳиб шуд

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ӯзбекистон бар асоси созиш бо Қирғизистон 4 ҳазору 485 гектар замини зери обанбори Кампир-ободро соҳиб шудааст. Ба иваз Бишкек ҳамчун ҷуброн аз Ӯзбекистон 18 ҳазор гектарро гирифтаст.

Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар парлумони кишвараш зимни баррасии созиши марзӣ бо Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Додани обанбор ба Ӯзбекистон, ки сабаби эътирозҳо дар Қирғизистон шуда буд, ба гуфтаи Тошиев аз ҷониби ҳарду кишвар истифода мегардад. Ба гуфтаи ӯ, ду кишвар барои идораи обанбор як корхонаи муштарак таъсис хоҳанд дод.

«Қаблан Ӯзбекистон ба мо дар вақташ об намедод, танҳо дар тирамоҳ медод. Қирғизҳоро ба қаламрави обанбор роҳ намедоданд. Ин дигар такрор намешавад, мо корхона месозем. Чаҳор нафар аз ҷониби Ӯзбекистон ва 4 нафар аз мо хоҳад буд», — гуфт ӯ.

Вай таъкид намуд, ки қирғизистониҳо метавонанд дар обанбор чорворо об диҳанд, моҳидорӣ кунанд, бо дастгоҳҳои обкашӣ барои эҳтиёҷоти маишӣ об интиқол диҳанд.

Тошиев афзуд, аз ҳисоби обанбор дар вилояти Андиҷони Ӯзбекистон 2 млн гектар замин обёрӣ мешавад, аз ин рӯ онро ҳамеша пуроб нигоҳ хоҳан дошт.

Раиси КДАМ гуфт, дар посух ба талаби додани замини зери Кампир-Обод сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов 18 ҳазор гектар замини додаро бозпас хост, ки ҷониби Қирғизистон розӣ нашуд.

Ба гуфтаи Тошиев заминҳои гирифтаи Қирғизистон киштбоб буда, инчунин канданиҳои фоиданок, аз ҷумла дар минтақаи Гавасой кони тило доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button