Хабарҳо

Русия 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни Афғонистон ихтисос дод

Русия эълом кард, ки барои омузиш ва тарбияти кадрҳо 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯён Афғонистон барои соли таҳсилии 2024 — 2023 ихтисос додааст

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Сафорати Русия дар Афғонистон эълом кард, ки 500 бурсияи таҳсилӣ дар мақотеъи лисонс, каршиноси аршад ва докторӣ барои донишҷӯёни Афғонистон дар назар гирифтааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Сафорати Русия дар Кобул эълом кард, ки барои омузиш ва тарбияти кадрҳои миллии Афғонистони 500 бурсияи таҳсилӣ ба донишҷӯёни ин кишвар барои соли таҳсилии 2023 — 2024 барои Афғонистон ихтисос додааст.

Аз тарафи дигари вазорати таҳсилоти олии толибон эълом кардааст,ки интихоби ниҳои донишҷӯён аз сӯии вазорати таҳсилоту улуми Русияи анҷом хоҳад шуд.

Як сол пас аз ба қудрат расидани муҷаддади толибон дар Афғонистон, то кунун ҳеҷ кишварии огҳоро ба расмияти нашинохта ва кишварҳои ғарбӣ эълом карданд ки ин гурӯҳ барои машруъияти ҷаҳонӣ ниёзманди тағйир дар сиёсати худ аз ҷумлаи вазъи маҳдудият бар занон афғонаст.

Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои ИМА ва НАТО баъди ҳузури 20-солаашон тобистони соли 2021 қаламрави Афғонистонро тарк карданд. Дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои ғарбӣ толибҳо минтақаҳои кишварро ғасб намуда, нимаи моҳи августи соли гузашта шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро ғасб намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button