Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Эмомалӣ Раҳмон озими Санкт-Петербург шуд

Мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Русия дар ҳолест, ки ҳафтаи оянда низ дар Остона нишасташон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода, сарвазири Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Ҳамроҳи президент ба Санкт-Петербург, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, ёрдамчии раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button