Хабарҳо

БА МУЛЛО ҲАЙДАР ДАР МАСҶИДИ КӮЛОБ БО ЭЛЕКТРОШОКЕР ҲАМЛА КАРДААНД

БА МУЛЛО ҲАЙДАР ДАР МАСҶИДИ КӮЛОБ БО ЭЛЕКТРОШОКЕР ҲАМЛА КАРДААНД

________________________________________

Мулло Ҳайдар Шарифзода, рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, як ҷавон ба ӯ бо «электрошокер» ҳамла кард. Ҳайдар Шарифзодаи 76-сола имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Кӯлоб аст. Ӯ гуфт, ки ҳамла ба ӯ ҳафтаи гузашта, ҳангоми хондани намози ҷаноза рӯй дод. «Ҷавон дар паси ман будааст, вале фикр мекунам, танҳо набуд. Як девонаро пеш дароварданду худашон аз пас истоданд. Вай бо «электрошокер» зад. Ҳамроҳонаш сипас аз дасти ӯ гирифта, ишора карданд, ки бигурезад. Гуфтам, кордораш нашавед, паноҳаш ба Худо,» – нақл кард ӯ. Дар идораи милисаи Кӯлоб гуфтанд, шахсияти ҳамлаварро маълум карданд ва ӯ гирифтори бемории равонӣ аст. Аз ин бештар ҷузъиёт надоданд. Маълум нест, қазия бо ҳамин пӯшида шудааст ё таҳқиқ идома хоҳад кард. Дар ҳоле ки Мулло Ҳайдар Шарифзода иддао дорад, ки «ҳамлавар танҳо набуд». Мулло Ҳайдар Шарифзода гуфт, пайвандони ҷавон ба назди ӯ ҳам рафта маъзарат хостанд ва чун осеби ҷиддӣ надида буд, «аз гуноҳаш гузашт».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button