УмумӣХабарҳоХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

Моҳи октябри соли 2022 WhatsApp ба таври доимӣ дар қатори смартфонҳои кӯҳна хомӯш карда мешавад

Соҳибони iPhone дар пойгоҳи низоми амалиётии iOS 10 ва 11 аз 24 октябри соли 2022 наметавонанд аз паёмнависи WhatsApp истифода баранд. Дар ин бора портали Hi-Tech Mail.Ru хабар медиҳад.

Истифодабарандагони смартфонҳои дорои намунаи кӯҳнаи низоми амалиётӣ бояд дастгоҳи худро то санаи зикршуда навсозӣ намоянд, дар акси ҳол онҳо имкони ирсоли паём ва занг задан тавассути мессенҷери машҳурро аз даст хоҳанд дод. Барои ин зарур аст онҳо ба танзимоти iPhone ворид шуда, баъдан бахши «Асосӣ» ва пас аз он «Азнавбарқарорсозии нармафзор» -ро интихоб намоянд. Зарур аст, ки ҳадди ақалл намунаи дувоздаҳуми низоми амалиётро барои идомаи кор истифода баранд.

Илова бар ин, WhatsApp барои смартфонҳои iPhone 5 ва iPhone 5C барои ҳамешагӣ дастнорас хоҳад буд, зеро ин смартфонҳо дигар навсозиҳои муҳими iOS-ро қабул намекунанд, бинобар ин онҳоро наметавон аз нав фаъол кард. Агар истифодабаранда хоҳиши бо ин нармафзор кор кардан дошта бошад, пас ӯро мебояд таҷҳизоти нави замонавӣ дастрас намояд.

Қаблан «Газета.Ru» хабар дода буд, ки Марк Сукербергро барои намунаи нав, лек кӯҳнашудаи WhatsApp масхара намуда буданд. Гап дар бораи манбаъҳо барои зангҳои видеоӣ, ба монанди хидматрасониҳои Zoom ё Google Meet меравад.

Сарчашма: АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button