Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Мобилизатсия нақшаи консерти Манижаро дар Тоҷикистон таҳрир кард

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, замони баргузории консерташро дар Душанбе, ки “Сафари бекорнашаванда” номида буд, аз моҳи октябр ба ноябр гузаронид. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар Facebook хабар додааст. Ӯ сабаби ин тасмимашро ба эълони басеҷ ё мобилизатсия дар Русия ва масоили таъмини амнияти гуруҳи мусиқинавозонаш рабт додааст.

Ӯ гуфтааст, ҳамаи билетҳои қаблан харидашуда дар рӯзи дигари таъиншуда низ эътибор доранд. Қарор буд консерти Манижа, рӯзи 9-уми октябр дар пойтахти кишвар баргузор шавад. Ин барномаи ӯ, дар доираи як сафари ҳунарияш ба шаш кишвар роҳандозӣ шуда буд. Даромад аз ин консерти ӯ ба бунёди овозхон равона мешавад.

Бунёди ӯ «Силсила» ном дорад ва ҳадафаш кӯмак ба қурбониёни хушунат дар миёни муҳоҷирону паноҳандаҳо аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button