Хабарҳо

РОНАНДАИ АВТОБУС БАРОИ БА САРИ МУСОФИР МУШТ БАРДОШТАНАШ АЗ КОР ПЕШ КАРДА ШУД

РОНАНДАИ АВТОБУС БАРОИ БА САРИ МУСОФИР МУШТ БАРДОШТАНАШ АЗ КОР ПЕШ КАРДА ШУД

Рӯзи 14 сентябри соли 2022 дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ як видеои аз ҳама пурсарусадо видео бадрафтории ронандаи автобуси хатсайри №43 шуд. Дар видеое, ки канали Parviz TV нашр кард, дида мешуд, ки ронанда чандин бор автобуси пур аз мусофирро бо суръати тунд ронда, якбора тормозро зер мекард, ки дар натиҷа чанд зану кӯдак рӯи фарши автобус афтоданд. Яке аз мусофирон ба ронанда эрод гирифт, ки “оромтар ронед, охир одам бурда истодаед”. Вале ронанда аз ин эрод ба хашм омада, ба сари он мусофир мушт бардошт ва аз гиребонаш гирифту таҳдид кард, ки “ҳоло ҳамаатро футбол мекунам!”

Бисёрии корбарон дар зери ин видео рафтори ронандаи автобусро ғайри қобили қабул ва ғайри қобили таҳаммул номида, аз мақомот хостанд, то нисбат ба ӯ чора бияндешанд.

Алакай соате баъди нашри ин видео, шоми 14 сентябр муассисаи давлатии коммуналии “Душанбенақлиётхадамотрасон” (Мдк Душанбенаклиётхадамотрасон) дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ронандаи дағалрафтори автобус ҷазояшро гирифт. «Pонандаи хатсайри автобусии №43, рақами қайди давлатиаш 99 51 ТТ 05, Бобоев Алишер Изатуллоевич дар асоси моддаи 42 к 17-и Кодекси меҳнати ҶT аз кор озод карда шуд”, — хабар дод “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button