Ғуруби Аврупо тамоми ҷаҳонро таҳдид мекунад

Буҳрони феълӣ дар Аврупоро ба таназзулу фурӯпошии Рими Қадим ташбеҳ медиҳанд. Шабоҳатҳо чунон зиёданд, ки роҳандозии он сенария пеши рӯ меояд
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik, Виктория Никифорова. Рӯзномаи маъруфи олмонии «Die Welt» мақолаи рӯзноманигор Даниэл Эккертро нашр кард, ки дар он буҳрони Аврупоро пешгӯӣ мекунад ва онро ба таназзули густурдаи империяи Рум дар арафаи фурӯпошии он ташбеҳ медиҳад.
Ин мавзӯъ, тибқи консепсияҳои кунунии аврупоӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ академӣ нест, балки ҷанҷолзо аст. Дар тобистон, ба ин мавзуъ маҷаллаи «Spiegel» эҳтиёткорона дахл карда буд. Муаллиф монандиҳо байни империяи Римро дар асрхои III—V ва баъзе мушкилоти алоҳидаи Олмони муосирро зикр кардаст.
Мисли агар касе баъзан дар мо Руми қадимро мушобеҳ медонад, ин чандон хуб нест. Ин боиси тезу тунд шудани низоъҳои байни миллатҳо, ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагӣ мебошад.