ҲУНАРПЕШАИ РУСИ ЗОДАИ ДУШАНБЕ ВЛАДИМИР ТАНИГИН АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

ҲУНАРПЕШАИ РУСИ ЗОДАИ ДУШАНБЕ ВЛАДИМИР ТАНИГИН АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД
Рӯзи 10 сентябри соли 2022 қалби Ҳунарпешаи шоистаи Русия Владимир Танигин баъди бемории сахту тӯлонӣ дар синни 72 года аз тапидан бозмонд.
Театри драмавии шаҳри Вологдаи Русия, ки Танигин аз соли 2000 дар саҳнаи ҳамин театр ҳунарнамоӣ мекард, бо нашри хабари марги ин ҳунарманд навишт: “Имрӯз Ҳунарпешаи шоистаи Русия Владимир Танигин аз дунё рафт. Ӯ беш аз 20 сол ҳунарпешаи пешсаффи театри драмавии Вологда буд ва дар саҳнаи ин театр даҳҳо нақшро иҷро карда буд”.
Владимир Танигин соли 1950 дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе дида ба ҷаҳон кушодааст. Баъди хатми омӯзишгоҳи театрии шаҳри Саратов. Танигин боз ба Тоҷикистон баргашт ва то соли 1991, яъне то замони фурӯ пошидани СССР ба ҳайси ҳунарпеша дар театри русии драмавии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе кор кард.
Баъди суқути СССР, вақте ки аксари аҳолии русзабон аз Тоҷикистон ба Русия кӯч бастанд, Владимир Танигин низ бо хонаводааш ба Русия кӯчид.
Танигин беш аз 45 соли зиндагиашро ба театр бахшида, дар саҳнаҳои театрии Тоҷикистону Русия даҳҳо нақши мондагон иҷро кардааст.