Хабарҳои кӯтоҳҶомеа
Даргузашти ду мансабдори Суғд дар садамаи нақлиётӣ: ба Душанбе рафтанӣ буданд

Ду мақомдор аз шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон як ҷо ба Душанбе рафтанӣ буданд, вале дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дучори садама шуданд
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Бар асари як садамаи мудҳиш дар роҳи Хуҷанд-Душанбе ду мақомдор ҳалок шудааст.
Фавтидагон Абдуваҳҳоб Қурбонов, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Шаҳристон ва Мамурзода Нозим Мамур, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Истаравшан будаанд.
Дар бораи рухдоди ин ҳодисаи фоҷеабор, Шодимуҳаммад Сӯфизода, яке аз пайвандони Абдуваҳҳоб Қурбонов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.