Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Боздошту ҳабси репсарои шинохта «Ралик»

Мақомот ӯро барои итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва халал расониданд ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифа дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Репсарои шинохтаи тоҷик Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, ки миёни ҳаводоронаш бо тахаллуси «Ралик» машҳур аст, боздошту ҳабс шудааст.

Бино ба гузориши дафтари матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе, мавсуф ба кормандони ин ниҳод зимни иҷрои вазифа халал эҷод кардааст.

Гуфта мешавад, репсарои 24-сола, санаи 5-уми сентябри соли ҷорӣ, дар ҷойи ҷамъиятӣ нисбати кормандони милитсия, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қарор доштанд, беэҳтиромӣ зоҳир намуда, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи онҳоро паст задааст.

«Ҳамзамон, номбурда бо амалу рафтори нописандидаи худ ба талаботи қонунии кормандони милитсия итоат накарда, ба иҷрои уҳдадориҳои хизматии кормандони мақомоти милитсия шаҳри Душанбе монеагӣ эҷод намудааст,»- афзудааст манбаъ.

Ҳамин тариқ, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Муродов Рамазон Ҳоҷиевич, тибқи талаботи моддаи 479-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансур ирсол карда шуд.

Ин ниҳод мегӯяд, зимни санҷиш кирдорҳои зиддиҳуқуқии номбурда пурра исботи худро ёфтанд ва ӯ сидқан изҳори пушаймонӣ намуд.

Бо назардошти ҳолатҳои мазкур нисбати репсаро Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Аммо дар ҳамин ҳол, назари худи ҳабсшуда, ва дар чӣ шароит бо кормандони пулис вориди нофаҳмӣ шуданаш дақиқ нест.

Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин ҳолати боздошти репсароён нест.

Қаблан ин ин ниҳод репсарои дигари шинохта Наврӯз Валиев, ки бо тахаллуси “Navik-MC” машҳур мебошад, барои кирдори зиддиҷамъиятияш ҳабс карда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button