Хабарҳо

7-8 СЕНТЯБР ДАР БАЪЗЕ КӮЧАВУ ХИЁБОНҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ МАҲДУД МЕГАРДАД

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон бо нашри як эълон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе расонд, ки 7-8 сентябри соли 2022 аз соати 17:00 то 22:00 ҳаракати нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ ва С.Носири пойтахт маҳдуд карда мешавад.

БДА гуфт, маҳдудиятҳои ҷоришуда барои воситаҳои нақлиёт дар кӯчаву хиёбонҳои маркази пойтахт ба хотири истиқболи 31-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешавад чунки рӯзи 8 сентябр бахшида ба иди Истиқлол дар пойтахт як силсила барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд.

БДА гуфт, инчунин дар ин ду рӯз воридшавии воситаҳои нақлиёт аз дигар минтақаҳо ба шаҳри Душанбе низ маҳдуд карда мешавад.

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинии мазкури идона аз истифодаи мошинҳои шахсӣ худдорӣ намуда, аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button