ВарзишХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нокомии паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасон

Аминҷони Абдулфаёзварзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо миёни наврасони то 18-сола (кадетҳо), ки рӯзҳои 24-28-уми август дар пойтахти Босния ва Ҳерзеговина — шаҳри Сараево – доир гардид, ноком шуд.

Ӯ ягона варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Сараево намояндагӣ кард. Аминҷон дар рақобатҳо дар вазни то 73 кило, ки 38 нафар иштирок карданд, бар асоси қуръакашӣ ба сабқат аз даври дувум пардохт ва ба рақибаш Ноҳид Тургулиев (Озарбойҷон) ғолиб омад.

Вале паҳлавони навраси тоҷик дар даври баъдӣ аз намояндаи Гурҷистон Гиорги Мишвелидзе мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.

Чунонки вебсайти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни наврасон дар Сараево дар рақобатҳои инфиродӣ 483 варзишгар (271 писару 212 духтар) аз 60 кишвар ширкат варзид.

Мусобиқа байни писарон дар ҳашт вазн (-50,-55,-60,-66,-73,-81,-90,+90 кг) ва миёни духтарон низ дар ҳашт вазн (-40,-44,-48,-52,-57,-63,-70, +70 кг) сурат гирифт. Чаҳор рӯзи аввали мусобиқа аз рақобатҳои инфиродӣ иборат буд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби шаш медал (3 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд. Мунтахаби Гурҷистон бо касби шаш медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми дувумро азони худ кард. Мунтахаби Ҷопон бо касби чаҳор медал (2 тилло ва 2 биринҷӣ) мақоми севумро гирифт. Мунтахаби Узбекистон бо касби ҳашт медал (1 тилло, 4 нуқра ва 3 биринҷӣ) мақоми чаҳорумро ишғол намуд.

Рӯзи охирин сабқати дастаӣ барпо гардид. Дар рақобатҳои тими омехта мунтахаби Фаронса ғолиб шуд. Дастаи Озарбойҷон ҷойи дувумро гирифт. Дастаҳои Узбекистон ва Туркия ҷойҳои севумро азони худ карданд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни наврасони то 18-сола (кадетҳо) дар ҳар ду сол баргузор мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button