Хабарҳо

МУХЛИСА ҲАМСАРИ НАВИ ШАВҲАРИ СОБИҚАШ ВА ФАРЗАНДИ ХУРДСОЛИ ӮРО ОТАШ ЗАДААСТ

Мухлисаи Акрам, сокини 32-солаи ҷамоати Ёрӣ дар канори шаҳри Панҷакент бо ҷурми сӯиқасд ба куштани ҳамсари нави шавҳари собиқаш ва фарзанди ноболиғи ӯ ва дидаю дониста дар зери хатар мондани ҷабрдидаҳо ба 16 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд. Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузорише, ки дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” нашр шуд, гуфт, Мухлисаи Акрам моҳи марти соли 2022 аз сари девор ба ҳавлии шавҳари собиқаш даромада, ҳамсари нави шавҳараш ва фарзанди ӯро аввал латтукӯб карда, сипас дар даруни оғилхона маҳкам кардааст ва оғилхонаро оташ задааст.

ВКД мегӯяд ҷабрдидаҳо “бо сабабҳои аз иродаи айбдоршаванда вобаста набуда” аз марги ногузир наҷот ёфтаанд.

Муаллифи гузориш гуфт, шавҳараш аз Мухлисаи Акрам баъди 10 соли зиндагии муштарак моҳи августи соли 2020 ҷудо шуда, аз нав издивоҷ кард ва соҳиби фарзанд шуд, вале Мухлисаи Акрам ба ҳаёти шавҳари собиқаш ва оилаи нави ӯ ҳамчунон дахолат мекард ва дар ниҳоят даст ба ҷинояти вазнин зад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button