Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Шикаст аз Эрон: Анҷоми бозии дуюми наврасони тоҷик дар Тошканд

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон — «U-16» дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон бозии дуюмашро низ бо шикаст ба анҷом расонд

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Тими наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар даври дуюми мусобиқаи байналмилалӣ дар Ӯзбекистон аз ҳамсолони эронии худ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрданд.

Дар ин бора Федератсияи футболои Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки голи ягонаро аз дастаи Тоҷикистон, Беҳрӯз Хӯҷаев вориди дарвозаи тими Эрон кард. Аз ҳайати тими Эрон, Ризо Гандипур ду голро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд.

Мунтахаби наврасони Ӯзбекистон — «U-16» дар бозии дигари даври дувуми мусобиқаи гиромидошти хотираи Мираброр Усмонов бар тими Ҷопон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Дастаи Тоҷикистон дар даври аввали ин мусобиқа аз тими Ҷопон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button