ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Раҳбари як шохаи «Барқи тоҷик» барканор шуд

Умедҷон Билолзода, директори “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и Тоҷикистон, аз мақомаш барканор шудааст.

Қарори барканории ӯро рӯзи 1-уми август Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, имзо кард.

Умедҷон Билолзода моҳи ноябри соли 2020 ба ин вазифа таъин шуда буд.

“Шабакаҳои тақсимоти барқ” як шохаи “Барқи тоҷик” аст, ки ду сол пеш дар пайи таҷдиди ин ниҳод таъсис ёфт.

“Барқи Тоҷик” азимтарин ширкати давлатии энергетикии кишвар аст, вале солҳои тулонист, ки аз чанги қарз раҳо намешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button