Хабарҳо

БАРОН БО АБДУРОЗИҚ ОШТӢ КАРД (ВИДЕО)

Барон (Маҷидиён Беҳрӯз Шарифӣ), рэпсаро ва продюсери ҷавони тоҷик, ки рӯзи 15 августи соли 2022 аз сафараш ба Дубай хабар дод, баробари расидан ба Имороти Муттаҳидаи Араб видеоеро ҳамроҳ бо дастпарвараш Абдурозиқ нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки Барон ва Абдурозиқ, ки моҳи ноябри соли 2021 бо ҷанҷол аз якдигар ҷудо шуданд, дар як ошхона нишастаанду бо ҳам шӯхию ханда мекунанд.

Аз лаҳни суҳбатҳои пур аз шӯхию хандаи устоду шогирд бармеояд, ки онҳо баъди 9 моҳи қаҳру ҷудоӣ бо ҳамдигар забони оштӣ ёфтаанд.

Барон дар ин бора тафсилоти дигар надодааст ва дар зери ин видео навиштааст, ки “мунтазир шавед, ҳамаашро мефаҳмонам”.

4 рӯз пеш аз ин Барон бо нашри акси муштараки ӯву Абдурозиқ дар Инстаграмаш маънидорона навишта буд, ки “ба наздикӣ чӣ гапе мешавад”.

Бисёриҳо аз шунидани хабари оштии Барону Абдурозиқ изҳори шодӣ кардаанд. Яке бо шӯхӣ ба Барон навиштааст, ки “ин дафъа, ки қапидиаш, дигар сараш нате, дар кисаат биандозу бигиру биораш ба Тоҷикистон!”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button