Хабарҳо

ОҒОЗИ МАШҚҲОИ ҲАРБИИ АМРИКО ВА КИШВАРҲОИ МИНТАҚА ДАР ТОҶИКИСТОН

Рӯзи 10 августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон машқҳои ҳарбии муштараки “Ҳамкории минтақавӣ 22” оғоз ёфт. Ин тамринҳо, ки аз ҷониби Фармондеҳии марказии артиши Амрико ИМА ва бо мизбонии Тоҷикистон баргузор карда мешаванд, аз 10 то 20 август давом мекунанд. Рӯзи 10 август дар як маросим сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм иштирокчиёни ин тамринро хайрамақдам гуфтааст. Сафорати Амрико дар Душанбе гуфт, “Ҳамкории минтақавӣ” як тамрини солонаест, ки ба таҳкими амалиёти бисёрмиллӣ барои таъмини субот, мубориза бо терроризм, рушди ҳамкорӣ ва тавонмандиҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказию Ҷанубӣ, ИМА ва дигар кишварҳои иштирокчӣ нигаронида шудааст”.

Дар тамрини шашрӯзаи машқҳои фармондеҳию штабӣ намояндагони Амрико, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Покистон ва Узбакистон иштирок мекунанд. Ҳамчунин Тоҷикистон ва Амрико як ҷузъи дуҷонибаи панҷрӯзаи тамриноти саҳроиро дар маркази омӯзишии Фахробод баргузор мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button