Хабарҳо

ФИРОРИ ЯК ТОҶИКИ МУТТАҲАМ БА ТЕРРОРИЗМ АЗ БОЗДОШТГОҲИ РУСИЯ

Як шаҳрванди 26-солаи Тоҷикистон аз простиня барои худ банд сохта, бо кумаки он аз қабати сеюми боздоштгоҳи муҳоҷирон дар шаҳри Набережние Челнии ҷумҳурии Тотористони Русия фирор кардааст. РЕН ТВ хабар дод, ки ин муҳоҷири тоҷик дар боздоштгоҳи воқеъ дар кӯчаи Металлургическая дар интизори ихроҷаш аз Русия қарор дошт.

Вале шаби 5 августи соли 2022 ӯ қуфли панҷараи тирезаро шикаста, бо банди аз простиня (рахти хоб) сохтааш аз қабати сеюми бино ба замин фаромад ва сипас аз болои девори симхорпеч гузашта, ба тарафи шоҳроҳи М-7 «Волга» фирор кардааст.

Бино ба иттилои РЕН ТВ, моҳи апрели соли ҷорӣ ба зидди ин шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми дахватҳо ба терроризм, сафед ва таблиғ кардани терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Ӯро мебоист аз Русия ба Тоҷикистон мефиристодаанд.

Ин нахустин мавриди фирори муҳоҷирони тоҷик аз боздоштгоҳҳои Русия нест. Қаблан чандин мавриди фирори зодагони Тоҷикистон аз боздоштгоҳҳо ва ҳатто аз зиндонҳои Русия рух додааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button