Хабарҳо

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: 13 КОРГАР ДАР ЛЮБЛИНОИ МАСКАВ БА ЧОҲ АФТОДАНД

Рӯзи 7 августи соли 2022, ҳангоми анҷоми корҳои тармимӣ дар як чоҳи канализатсионӣ дар кӯчаи Краснодарская дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав бар асари боришоти зиёд девори ин чоҳ канда шудааст ва 13 коргар ба дарунаш афтодаанд. 6 нафари онҳо тавонистаанд мустақилона берун шаванд. 4 нафари дигарро наҷотбахшони МЧС, ки ба ҷои ҳодиса омадаанд, берун кашиданд. Ҷустуҷӯи се коргари боқимонда, ки ҳар се ҷавон ва солҳои таваллудашон 1999, 2001 ва 2022 будааст, идома дорад. Вале умеди наҷотбахшон ба пайдо кардани онҳо чандон зиёд нест. Ба назари онҳо, шояд маҷрои об алакай онҳоро то ба дарёи Маскав кашида бурда бошад. “Агар пайдо ҳам кунем, ин мӯъҷиза хоҳад буд. Вале мо то охир ҷустуҷӯяшон мекунем. Агар дар даруни лӯла “кисаҳо” вуҷуд дошта бошаду онҳо дар ин “кисаҳо” паноҳ ёфта бошанд, пас шонси наҷоташон ҳанӯз ҳаст”, – нақли қавл кардааст аз наҷотбахшон Readovka.news.

Дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав, ки бозорҳои бузургтарини ин шаҳр дар ҳамин минтақа ҷойгир шудаанд, шумори зиёди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон низ кор мекунанд. Ҳанӯз эълон нашудааст, ки коргарони зарардида оё муҳоҷирон буданд ва оё дар байни онҳо муҳоҷирони тоҷик низ ҳаст?

Тавре аз видеоҳои аз маҳалли ҳодиса нашршуда бармеояд, дар байни издиҳоми мардуме, ки дар ҷои ҳодиса ҷамъ омада, ба наҷотбахшон кумаки худро пешниҳод мекарданд, бисёриҳо ба забони тоҷикӣ ҳарф мезаданд. Вале як ҷавонеро, ки лаҳзаи наҷоташ ва аз чоҳ берун оварданаш ба дурбини видео афтод, тавре аз сабт дида мешавад, ба забони қирғизӣ ҳарф мезад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button