Хабарҳо

БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК БО ИТТИҲОМИ БА СУРИЯ ФИРИСТОДАНИ ПУЛ

Телеграм-канали Оперативные сводки видеои лаҳзаи дар шаҳри Саратов бо иттиҳоми маблағгузории терроризм дастгир шудани як шаҳрванди Тоҷикистонро нашр кард. Дар видео дида мешавад, ки як ҷавони чашмаш кабуд ва мӯи сару риши кӯтоҳаш зардинаро дар канори як роҳи мошингард дар рӯи роҳи пиёдагард ба зону шинондаанд ва пурсуҷӯ мекунанд. Ин ҷавон бо як чеҳраи тарсолуд мегӯяд, Алиев Қодирҷон ном дорад. Афсарони қудратӣ ба ӯ мегӯянд, ки барои маблағгузорӣ ба террористҳо дастгир шудааст. Аз Қодирҷон чанд дафъа мепурсанд, ки оё ӯ ба Сурия пул фиристодааст? Ӯ ба ин савол ҷавоби рӯшане надод ва яке аз афсарон амр дод, ки “Бардорем ӯро! Мебаремаш.”

Вале бисёре аз тамошобинон видеои боздошти ин ҷавони тоҷикро “саҳнасозӣ” номида, мегӯянд, мақомоти амниятии Русия ба гардани муҳоҷирони беҳуқуқ иттиҳомоти бофтаи пуштибонӣ ё маблағгузории терроризмро бор карда, бо чунин парвандабофиҳо мехоҳанд натиҷаҳои худро дар мубориза бо терроризм баландтар нишон диҳанд.

Ба зидди шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон бар асоси қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми маблағгузорӣ ва сафед кардани терроризм парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонуни Русия аз 8 то 15 соли зиндон ҳамроҳ бо ҷарима ба маблағи аз 300 ҳазор то 700 ҳазор рубл таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button