Хабарҳо

РОҲБАРИ АЛ-ҚОИДАРО ДАР БАЛКОНИ ХОНААШ КУШТАНД

Президенти Амрико Ҷо Байден эълон кард, ки роҳбари шабакаи террористии Ал-Қоида Аймон Аз-Завоҳирӣ субҳи якшанбеи 31 июли соли 2022 дар Афғонистон дар натиҷаи як амалиёти вижаи Амрико кушта шуд.

Завоҳирӣ, ки баъди аз сӯи Амрико кушта шудани асосгузори Ал-Қоида Усома Бин Лоден, роҳбарии ин шабакаи террористиро ба даст гирифт, баъди Бин Лоден нафари аз ҳама ҷустуҷӯшаванда ба шумор мерафт. Амрико, ки 25 сол боз ӯро меҷуст, дар баҳои маълумоте, ки ба боздошт ваё қатли Завоҳирӣ мусоидат кунад, 25 миллион доллар ҷоиза муқаррар карда буд.

Аймон Завоҳирӣ субҳи 31 июл замоне кушта шуд, ки барои хабаргирии аҳли хонаводааш ба Кобул омада буд. Ду мушаки Hellfire (тарҷумааш: “Оташи дӯзах”) , ки аз як ҳавопаймои бесарнишин сар доданд, Завоҳириро дар як манзил дар Шерпур, минтақаи дипломатии Кобул, кушт, ки барои ҳавохӯрӣ ба балкон баромада буд. Мақомоти Амрико мегӯянд, дар ин ҳамла касе аз аъзои хонаводаи Завоҳирӣ осеб надидааст. Ин нахустин амалиёти вижаи Амрико дар Афғонистон баъди моҳи августи соли 2021 ба дасти ҳаракати тундрави Толибон, як иттифоқчии шабакаи Ал-Қоида афтодани умури ин кишвари ҷангзада буд. Намояндаи Толибон куштори Завоҳириро маҳкум кард. Сухангӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ин ҳамларо поймол кардани меъёрҳои байналмилалӣ ва ҳам нақзи қарордоди соли 2020 номид, ки Амрико бо Толибон дар Доҳз имзо карда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button