Хабарҳо

НАФАРЕ,КИ ХУДРО “КОРМАНДИ МАҚОМОТ” ГИРИФТ ЧУНОН ГУРЕХТ КИ…

“Парвиз ТВ”, канале, ки бо нашри видеоҳои доғ аз Тоҷикистон ном баровардааст, рӯзи 2 августи соли 2022 видеои лаҳзаи фош шудани ҳаромкориҳои нафареро нашр кард, ки худро корманди мақомот гирифта, дар кӯчаҳои Душанбе телефонҳоро роҳгузаронро гӯё барои “ташхис” кашида мегирифт ва сипас дар ивази 50 ё 100 сомонӣ ба соҳибони телефонҳо пешниҳод мекард, ки телефонҳоро худро аз вай “харида”, пас бигиранд.

“Парвиз ТВ” менависад, ҳаромкории ин ба ном “корманди мақомот” аз тарафи як ҷавони сокини ноҳияи Рӯдакӣ ошкор шудааст. Ин ҷавон аввал аз таҳдиди ин “корманди мақомот”, ки телефонашро барои “ташхис” кашида гирифта буд, тарсида, ба ӯ 50 сомонӣ ҳам дода, телефонашро пас гирифтааст. Вале раҳгузарон ба ӯ асли гапро фаҳмонда, маслиҳат додаанд, ки ҳуҷҷатҳои он ҷавонро бипурсад, ки оё дар воқеъ корманди мақомот аст ё на? Баъди ҷавони фиребхӯрда аз қафои он фиребгар шуда, чӣ гуна гурехтани “корманди мақомот”ро сабт кардааст.

Дар видео дида мешавад, ки ҷавони фиребгар мехоҳад фирор кунад, вале соҳиби телефон аз қафояш рафта, бо исрор мепурсад, ки шаҳодатномаи коргари мақомот буданашро ба вай нишон диҳад, вагарна ба мақомоти воқеӣ шикоят мекунад. Вақте ки ба “корманди мақомот” гуфтанд, ки ӯро ба мақомоти воқеӣ, месупоранд, вай тарсида, аз онҷо чунон гурехт, ки…

“Парвиз ТВ” аз ҳама хостааст, ки агар ин ҷавони фиребгарро, ки аз номи мақомот сӯиистифода мекард, шиносанд, ба милитсия хабар диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button