Хабарҳо

КИРО КУШТӢ? – МАЪШУҚААМРО… НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД (РОМАН) ҲАМРОЕВ

КИРО КУШТӢ? – МАЪШУҚААМРО… НАШРИ ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ “ОТЕЛЛОИ ТОҶИК” ХУШНУД (РОМАН) ҲАМРОЕВ

Раёсати тафтишоти вилояти Новосибирски Русия рӯзи 27 июли соли 2022 сабти видеоии порае кӯтоҳ аз бозпурсии шаҳрванди 27-солаи Тоҷикистон Хушнуд Ҳамроевро, ки дар Новосибирск худро Роман муаррифӣ мекард, нашр кард. Ҳамроев субҳи 27 июл бо иттиҳоми куштори бераҳмонаи маъшуқаи собиқаш Анастасия, духтари 17-солаи мактабхон аз шаҳри бо Новосибирск ҳамсояи Бердск, дастгир шуд. Анастасия шаби 26 июл дар ҷануби шаҳри Новосибирск бо дастикам 15 зарбаи корд кушта шуд.

Тавре дар сабт дида мешавад, ар ҷараёни бозпурсӣ байни муфаттиш ва Ҳамроев чунин суолуҷавоб сурат гирифтааст:

— Барои чӣ дастгир шудӣ?

— Барои одамкушӣ.

— Киро куштӣ?

— Маъшуқаамро.

— Бо чӣ куштӣ?

— … (баъди паузаи тӯлонӣ) Бо корд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button