Хабарҳо

ИН ДИГАР ФОҶИА АСТ! ДАР ЯК РӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ 5 НАВРАС ҒАРҚ ШУДААНД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон рӯзи 27 июли соли 2022 хабар дод, ки тайи як рӯзи гузаштаи 26 июл дар Тоҷикистон боз 5 наврас ғарқ шудаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, ин 5 ҳодисаи нохуш дар ноҳияҳои Шаҳринав, Рашт, Данғара, Қубодиён ва дар Панҷакент рух дода, соли таваллуди қурбониён 2004, 2006 ва 2011 будааст. Сокинони маҳаллӣ ва ғаввосони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасадҳои 4 ғарқшударо пайдо карда, аз об баровардаанд ва ба наздиконашон супурдаанд. Ҷустуҷӯи ҷасади сокини 16-солаи деҳаи Гулафшони ҷамоата Сафобахши ноҳияи Данғара ҳанӯз идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон оббозӣ дар маконҳои барои оббозӣ номуносиб ва мамнӯъро сабаби аслии ин 5 ҳодисаи нохуши фоҷиабор номида, бо изҳори таассуф навиштааст, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои батакрори дар бораи зарурати риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ва беназорат нагузоштани кӯдакон, сокинон ҳамчунон ба ин ҳушдорҳо аҳамият намедиҳанд.

Генерал-полковник Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, рӯзи 26 июл дар нишасти хабариаш гуфт, дар нимаи аввали соли 2022 дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 84 нафар ҷон бохтаанд. Бо замми ғарқшудагони моҳи июл шумораи қурбониёни имсола алакай ба 120 нафар наздик мешавад ва мутаассифона, беш аз нисфи ин қурбониён ноболиғонанд. Соли 2021 низ дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон 155 нафар, аз ҷумла 75 ноболиғ ғарқ шуда буданд.

Дар пайи хабари ҳалокати 5 навраси ахир, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандон, ба хусус ба падару модарон муроҷиат карда, боисрор хостааст, ки кӯдакони худро беназорат нагузоранд. “Як лаҳзаи кӯтоҳи бепарвоӣ кофист, ки ба фоҷиаи талх биорад! Кӯдакони худ ва ҳаёти онҳоро эҳтиёт кунед! – хитоб кардааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба сокинон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button