ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Президент дар ВМКБ тағйироти кадрӣ анҷом дод: насиҳат ба мақомдорони нав

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бахши маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйироти кадрӣ анҷом ва мақомдорони ҷадидро тавсия дод

ДУШАНБЕ, 25 июл —  Юсуфзода Гулзорхон Амиршоҳ аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев озод гардид.

Қарори ҳукумат дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзо кард. Дар қарор далели барканорӣ гузаштан ба кори дигар арзёбӣ шудааст.

Инчунин Қонунзода Шодигул Худобахш бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гардид.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки Комилбек Амид ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъйин шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button